- иштиҳо
- [اشتها]а. майл ба хӯрок, хоҳон шудани дил ба хӯрокхӯрӣ; бо иштиҳо бо майлу рағбат (нисбат ба ғизо); иштиҳо омадан ба тановули таом майл пайдо шудан; бастани иштиҳо гум шудани майл ба ғизо; кушодани иштиҳо пайдо шудани майлу рағбат ба хӯрок, хоҳони таом шудан; иштиҳоро кӯр кардан боиси аз байн рафтани майл ба хӯрок шудан; аз иштиҳо мондан ба сабаби беморӣ ё боиси дигар майл ба хӯрок надоштан; ба иштиҳо омадан баъди беморӣ ва чанде майли хӯрок надоштан ба он майл пайдо шудан◊ иштиҳои қозгир майли сахт ба хӯрок; иштиҳояш карнай шуд сахт иштиҳо пайдо кард
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.